Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ай он ки ғаминию сазоворӣ

Ай он ки ғаминию сазоворӣ В-андар миён сиришк ҳамеборӣ, Аз баҳри он куҷо набарам номаш, Тарсам зи сахт андуҳу душворӣ! Рафт он-к рафту омад, он-к омад Буд, он ки буд, хира чӣ ғам дорӣ?! Ҳамвор кард хоҳӣ гетиро? Гетист, кай пазирад ҳамворӣ?! Мустӣ макун, ки нашнавад ӯ мустӣ, Зорӣ макун, ки нашнавад ӯ зорӣ! Шав, то қиёмат ояд, зорӣ кун, Кай рафтаро ба зорӣ боз орӣ? Озори хеш бинӣ з-ин гардун Гар ту ба ҳар баҳона биёзорӣ. Гӯйӣ, гумошта-ст балое ӯ, Бар ҳар кӣ ту дил бар ӯ бигморӣ. Абре падид нею кусуфе не, Бигрифт моҳу гашт ҷаҳон торӣ. Фармон кунӣ ва ё накунӣ, тарсам, Бар хештан зафар накунӣ боре. То бишканӣ сипоҳи ғамон бар дил, Он беҳ, ки май биёрию бигсорӣ. Андар балои сахт падид оранд Фазлу бузургворию солорӣ.