Агар таайюни анқо ҳаваспаём набошад,
Агар таайюни анқо ҳаваспаём набошад,
Нишони худ ба ҷаҳоне барам, ки ном набошад.
Чӣ лозим аст ба дӯшам ғами адо фиканад кас,
Ҳақи бақо ду нафас хиҷлат аст, вом набошад.
Ҳаё зи нанги хамӯшӣ кадом нағма кунад сар?
Ба сад фасона занам, гар сухан тамом набошад.
Ду дам ба вазъи таҷаддуд хаёл мегузаронам,
Хушам ба нашъаи ҷамъияти давом набошад.
Ҳиҷоби ҷавҳари дил нест ҷуз кудурати ҳастӣ,
Чароғи оина нураш ба вақти шом набошад.
Дил аст боиси ҳастӣ, куҷост нашъа, чӣ мастӣ?
Димоғи бода кӣ дорад, даме ки ҷом набошад?
Ҳавас тапад ба чӣ роҳат? Нафас рамад зи чӣ ваҳшат?
Дар он мақом, ки сайёду сайду дом набошад?
Касе надид зи ҳастӣ ба ғайри дарди сар ин ҷо.
Шароби ин хуми ваҳм аз куҷо ки хом набошад?
Чӣ мумкин аст, ки оғӯши ҳирсҳо ба ҳам ояд?
Дар ин ҷароҳати хамёза илтиём
набошад.
Дил аз шикояти ифлос беҳ, ки ҷамъ намоӣ,
Забон ба коми ту бас, гар ҷаҳон ба ком набошад.
Ҷудо зи анҷумани нестӣ ба ҳар чӣ расидам,
Наёфтам, ки майи соғараш ҳаром набошад.
Кадом умру чӣ фурсат, ки дил диҳӣ ба тамошо?
Ба пойи ашк нигаҳ медавад, хиром набошад.
На гӯшаест муайян, на манзилест мубарҳан
Касе куҷо равад, ар олами тамом набошад.
Ба авҷи ишқ чӣ нисбат талоши боли ҳавасро?
Видоъи ваҳми манумо
ҳавои бом набошад.
Хурӯши дард шунав, муддаои ишқ ҳамин бас,
Дар Аллаҳ-Аллаҳи мо ҷои ҳарфи лом набошад.
Агар зи мулки адам то вуҷуд фаҳм гуморӣ,
Ба ҷуз каломи ту, Бедил, дигар калом набошад.