МАРГИ ДУБОРА
Дар ҳафт осмон чу надорӣ ситорае,
Эй дил, куҷо равӣ, ки бувад роҳи чорае?
Ҳоле намонд, то бизанӣ фоле, эй рафиқ,
Хуме куҷост, то бикунӣ истихорае?
Ҳар пораи дилам лаби захмест хунфишон,
Ҷуз хун чӣ меравад зи дили пора-порае?
Аз мавҷхези ҳодисаҳо маъмане намонд,
Киштӣ куҷо барам ба умеди канорае?
Дидори дилфурӯзи ту умри дубора буд,
Инак, шаби ҷудоиву марги дуборае.
Аз чини абрӯи ту дилам шӯр мезанад,
К-ин теғи каҷ ба хуни кӣ дорад ишорае?
Гар нест тоби сӯхтанат гирди мо магард,
К-оташ занад ба хирмани ҳастӣ шарорае.
Дар баҳри мо ҳар ойина ҷуз бими ғарқ нест,
Он беҳ к-аз миёна бигирӣ канорае.
Эй абр, ғам бибору дил аз гиря боз кун,
Моему саргузашти шаби беситорае.