ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ РУСТАМ
Басе барнаёмад бар ин рӯзгор,
Ки озодасарв андаромад ба бор.
Баҳори дилафрӯз пажмурда шуд,
Дилаш бо ғаму ранҷ биспурда шуд.
Зи бас бор к-ӯ дошт дар андарун,
Ҳаме ронд Рӯдоба аз дида хун.
Шикам сахт шуд фарбеҳу тан гарон,
Шуд он арғавонӣ рухаш заъфарон.
Бад-ӯ гуфт модар, ки «Эй ҷони мом,
Чӣ будат, ки гаштӣ чунин зардфом?»
Чунин дод посух, ки «Ман рӯзу шаб
Ҳаме баркушоям ба фарёд лаб.
Чунон гашта бехобу пажмурдаам,
Ту гӯӣ, ки ман зиндаи мурдаам.
Ҳамоно замон омадастам фароз
В-аз ин бор бурдан наёбам ҷавоз».
Ҳунарпарварони ҷаҳон сар ба сар,
Ба даргоҳи Дастон ниҳоданд сар.
Зи дониш ба наздаш фурӯзанда чоҳ,
Бараш аз ҳунар ёфтанд пойгоҳ.
Гаронмоя Дастони хусравнажод,
Зи пайванди Рӯдоба буд сахт шод,
Чунон шефта буд бари чеҳри ӯ,
Ки ҷонаш набуд тоза бе меҳри ӯ.
Басе барнаёмад бад-ин рӯзгор,
Ки то зодсарв андаромад ба бор.
Чунин то гаҳи зодан омад фароз,
Ба хобу ба ором будаш ниёз.
Ту гуфтӣ ба санг асташ оганда пӯст
Ва ё з-оҳан аст, он ки буда дар ӯст.
Чунон шуд, ки як рӯз аз ӯ рафт ҳуш,
Аз айвони Дастон баромад хурӯш.
Хурӯшид Синдухту бишхуд рӯй,
Биканд он сияҳ гесӯи мушкбӯй.
Якояк ба Дастон расид огаҳӣ,
Ки пажмурда шуд барги сарви саҳӣ.
Ба болини Рӯдоба шуд Золи Зар
Пур аз об рухсору хаста ҷигар.