Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Як дам осоиш ба сад ибром пайдо кардаем,

Як дам осоиш ба сад ибром пайдо кардаем, Саъйҳо шуд хок, то ором пайдо кардаем. Тирабахтӣ низ муфти дастгоҳи аҷзи мост, Рӯз агар гум гашт, боре шом пайдо кардаем. Мақсади ушшоқ расвоист, мо ҳам чун саҳар Як гиребон ҷомаи эҳром пайдо кардаем. Шуҳраи вомондагиҳоем чун нақши нигин, Пой то бар санг омад, ном пайдо кардаем. Қатраи ашкем, моро ҷаҳд ку, ҷавлон кадом? Аз чакидан туҳмати як гом пайдо кардаем. Эй шарар, з-ин беш бар оинаи фитрат маноз, Мо ҳам аз оғози хеш анҷом пайдо кардаем. Чашми ҳайрон дар кафем аз нашъаи дидору бас, Бехудивақфитамошо ҷом пайдо кардаем. Умрҳо шуд, бо хаёли ҷилваи ӯ тавъам аст Бенигаҳ чашме, ки чун бодом пайдо кардаем. Хомушӣ хилватгаҳи васл асту мо номаҳрамон Аз лаби ғафлатнаво пайғом пайдо кардаем. Умр зиндонхонаи чандин тааллуқ будааст, Дар ғубори худ суроғи дом пайдо кардаем. Хоки мо имрӯз гармоҳанги парвози фаност, Эй ҳаваскасби ҳавоҳо, бом пайдо кардаем. Олами мавҳумаи асбоб сурат бастааст, Он чи, Бедил, аз хаёли хом пайдо кардаем.