Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Пирӣ видоъи умри сабукбол вонамуд,

Пирӣ видоъи умри сабукбол вонамуд, Мӯи сапед об ба ғирбол вонамуд. Ин ҷинси эътибор, ки дар корвони мост, Хоҳад ғубори монда ба дунбол вонамуд. Ҷое ки шарм нам кашад аз гирудори ҷоҳ, Натвон ба кӯси шуҳрати иқбол вонамуд. Мовуман аз фусуни тааллуқ баҳор кард, Парвоз рангҳо зи пару бол вонамуд. Ишқ ончи хонд дар бари мо зулфу кокулаш, Бар зоҳидон салосилу ағлол вонамуд. З-он нуқтае, ки зад дили Маҷнунаш интихоб, Лайлӣ ба ҷамъи лоларухон хол вонамуд. Моро ба ҳар чӣ ишқ фурӯшад, камоли мост, Биспурд ҳар матоъи ба даллол вонамуд. Рамзи адам зи ҳеҷ лабе пардадар нашуд, Васфи даҳони ӯ ҳамаро лол вонамуд. Килке, ки гашт маҳрами мактуби аҷзи мо, Сатре агар намуд, ҳамон нол вонамуд. Ҳар ҷо чу соя номаи ибрат кушудаем, Бояд ҳамин сиёҳии аъмол вонамуд. Ҳайрат ба кори дил гираҳе зад, ки чун гуҳар Натвон-ш ним уқда ба сад сол вонамуд. Бедил зи ибрате, ки дар оинаи ҳаёст, Моро бас аст, агар ҳама тимсол вонамуд.