Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

СОЯИ САРГАРДОН

Пойбанди қафасам бозу пари бозам нест, Сари гул дораму парвонаи парвозам нест. Гул ба лабханду маро гиря гирифтаст гулӯ, Чун дилам танг набошад, ки пари бозам нест? Гоҳам аз нои дили хеш навое бирасон, Ки ҷуз ин нолаи ҷонсӯзи ту дамсозам нест. Дар гулӯ мешиканад нолаам аз риққати дил, Қиссаҳо ҳаст, вале тоқати иброзам нест. Соз ҳам бо нафаси гарми ту овозе дошт, Бе ту дигар сари созу дили овозам нест. Оҳ, агар ашки манат боз нагӯяд ғами дил, Ки дар ин парда ҷуз ин ҳамдаму ҳамрозам нест. Дилам аз меҳри ту дар тоб шуд, эй моҳ, вале Чӣ кунам шеваи ойинаи ғаммозам нест? Ба гираҳбандии он абрӯи борикандеш, Ки ба ҷуз рӯи ту дар чашми назарбозам нест. Соя, чун боди сабо хастаи саргардонам, То ба сар сояи он сарви сарафрозам нест.