ШАРМ ВА ШАВҚ
Дил меситонад аз ману ҷон медиҳад ба ман,
Ороми ҷону коми ҷаҳон медиҳад ба ман.
Дидори ӯ талиъаи субҳи саодат аст,
То кай ба меҳр толеи он медиҳад ба ман?
Дилдодаи ғарибаму гумноми ин диёр,
З-он ёри дилнишин кӣ нишон медиҳад ба ман?
Ҷоно, муроди бахту ҷавонӣ висоли туст,
К-ӯ ҷовидона бахти ҷавон медиҳад ба ман.
Ман омадам, ки ҳоли дили зор гӯямат,
Аммо магар сиришк амон медиҳад ба ман?
Чашмат ба шарму ноз бибандад лаби ниёз,
Шавқат агар ҳазор забон медиҳад ба ман.
Оре, сухан ба шеваи чашми ту хуштар аст,
Мастӣ бубин, ки сеҳри баён медиҳад ба ман.
Афсурда буд, Соя, дилам бе ҳавои ишқ,
Ин бӯи зулфи кист, ки ҷон медиҳад ба ман?