БЕНИШОН
З-ин гунаам, ки дар ғами ғурбат шикеб нест,
Гар сар кунам шикояти ҳиҷрон ғариб нест.
Ҷонам бигиру суҳбати ҷононаам бибахш,
К-аз ҷон шикеб ҳасту зи ҷонон шикеб нест.
Гумгаштаи диёри муҳаббат куҷо равад,
Номи ҳабиб ҳасту нишони ҳабиб нест?
Ошиқ манам, ки ёр ба ҳолам назар накард,
Эй хоҷа, дард ҳаст, валекин табиб нест.
Дар кори ишқи ӯ, ки ҷаҳонеш муддаъист,
Ин шукр чун кунем, ки моро рақиб нест?
Ҷоно, нисоби ҳусни ту ҳадди камол ёфт
В-ин бахт бин, ки аз ту ҳанӯзам насиб нест.
Гулбонги Соя гӯш кун, эй сарви хушхиром,
К-ин сӯзи дил ба нолаи ҳар андалеб нест.