Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

СОЯИ ҲУМО

Ба ман зи бӯи ту боди сабо дареғ накард, Зи ошно нафаси ошно дареғ накард. Чу ғунча тангдилӣ ҳаргизаш мабод, он гул, Ки бӯи хуш зи насими сабо дареғ накард. Сафои ойинаи рӯи он париваш бод, Ки бо шикастадилон аз сафо дареғ накард. Ҷафо зи бахти бади хеш мекашам мани зор, В-агана ёр ба ман аз вафо дареғ накард. Ҳабиби ман, чӣ биҳиштӣ, табиби мушфиқ буд, Ки дид дарди марову даво дареғ накард. Ҳамеша бар сари ӯ соябони давлат бод, Ки соя аз сари мо чун ҳумо дареғ накард. Чӣ бахт буд, ки он саркашида сарви баланд, Зи оби дидаи ман хоки по дареғ накард? Бар остони назар ашк пардадори дил аст, Биё, ки дидаи ман аз ту ҷо дареғ накард. Аз он лаби шакаринам ба бӯсае бинвоз, Ки Соя бо ту чу най аз наво дареғ накард.