ЁРИ ГУМШУДА
Гар чашми дил ба он маҳи ойинарӯ кунӣ,
Сайри ҷаҳон дар ойинаи рӯйи ӯ кунӣ.
Хоки сияҳ мабош, ки кас барнагирадат,
Ойина шав, ки хидмати он моҳрӯ кунӣ.
Ҷони ту ҷилвагоҳи ҷамол он гаҳе шавад,
К-ойинааш ба ашки сафо шустушӯ кунӣ.
Хобу хаёли ман ҳама бо ёди рӯи туст,
То кай ба ман чу давлати бедор рӯ кунӣ?
Дармони дарди ишқ сабурӣ бувад, вале
Бо ман чаро ҳикояти сангу сабӯ кунӣ?
Хун мечакад зи нолаи булбул дар ин чаман,
Фарёд аз ту гул, ки ба ҳар хор хӯ кунӣ.
Дил бастаам ба бод, ба бӯи шабе, ки зулф
Бикшоиву машоми маро мушкбӯ кунӣ.
Ин ҷост ёри гумшуда, гирди ҷаҳон магард,
Худро биҷӯй, Соя, агар ҷустуҷӯ кунӣ.