Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Вақти он омад, ки ман савгандҳоро бишканам

Вақти он омад, ки ман савгандҳоро бишканам, Бандҳоро бардаронам, пандҳоро бишканам! Чархи бадпайвандро ман баркушоям банд-банд, Ҳамчу шамшери аҷал пайвандҳоро бишканам! Пунбае аз лоуболӣ дар ду гӯши дил ниҳам, Панд бипзирам зи сабру бандҳоро бишканам! Муҳр баргирам зи қуфлу дар шакархона равам, То зи шохе з-он шакар ин қандҳоро бишканам! То ба кай аз чанду чун?! Охир, зи ишқам шарм бод! Кай зи чунӣ бартар оям, чандҳоро бишканам?!