ДИДАНИ ФАРИДУН ХОҲАРОНИ ҶАМШЕДРО
Тилисме, ки Заҳҳок созида буд,
Сараш б-осмон - бар фарозида буд,
Фаридун зи боло фуруд оварид,
Ки он ҷуз ба номи ҷаҳондор дид.
Яке гурзаи говпайкар сараш
Задӣ, ҳар кӣ омад ҳаме дар бараш.
В-аз он ҷодувон, к-андар айвон буданд,
Ҳама номвар наррадевон буданд.
Сароншон ба гурзи гарон кард паст,
Нишаст аз бари гоҳи ҷодупараст.
Ниҳода бари тахти Заҳҳок пой,
Кулоҳи каӣ ҷусту бигрифт ҷой.
Зи ҳар сӯ ба айвони ӯ бингарид,
Нишоне аз ӯ ҳеч гуна надид.
Бурун оварид аз шабистони ӯй
Бутони сияҳчашми хуршедрӯй.
Бифармуд шустан таноншон нахуст,
Равоншон пас аз тирагиҳо бишуст.
Раҳи довари пок бинмудашон,
Зи олудагиҳо биполудашон,
Ки парвардаи бутпарастон буданд,
Саросема бар сони мастон буданд.
Пас, он хоҳарони ҷаҳондор Ҷам,
Зи наргис гули сурхро дода нам.
Кушоданд бар Офаридун сухан,
Ки «Нав бош, то ҳаст гетӣ куҳан.
Чӣ ахтар буд ин аз ту, эй некбахт,
Чӣ борӣ? Зи шохи кадомин дарахт?
Ки эдун ба болини шер омадӣ,
Ситамгора марди далер омадӣ?
Чӣ моя кашидем ранҷу бало
Аз ин аҳриманкеши дӯшаждаҳо.
Чӣ моя ҷаҳон гашт бар мо ба бад
Зи кирдори ин ҷодуи камхирад.
Надидем кас, к-инчунин заҳра дошт,
Бад-ин ҷойгаҳ аз ҳунар баҳра дошт.
К-аш андешаи гоҳи ӯ омадӣ,
В-агар-ш орзу ҷоҳи ӯ омадӣ!»