Рӯи ту рӯи ҷаҳону чун ҷаҳон мебӯсамат,
Рӯи ту рӯи ҷаҳону чун ҷаҳон мебӯсамат,
Ташнаям, чун ташнаи оби равон мебӯсамат.
Осмонам гар амон бидҳад зи чанголи азал
Дар шумори ахтарони осмон мебӯсамат.
Гар ғаму тимори ишқат безамон пирам кунад,
Вақти пирӣ ҳам ба шавқи навҷавон мебӯсамат.
Меравам рӯзе, нишони зиндагиям ишқи туст,
Чун нишони рӯзгори бенишон мебӯсамат.
Гар ту бошиву муҳаббат бошаду дидори шавқ,
Гар намирӣ, гар намирам, ҷовидон мебӯсамат.