Дӯстон, ин хокдон чун ман надорад дигаре
Дӯстон, ин хокдон чун ман надорад дигаре
Хонае зери замин бунёд, нақши по даре.
Мурдаму ёди мазори ман накард он масти ноз,
Дар ғуборам дошт истиқболи побӯсаш саре.
Меравам аз худ чу шамъу по ба дил афшурдаам,
Киштии ман бодбон дорад ба ҷайби лангаре.
Хоби роҳат дар талоши махмалу санҷоб сӯхт,
Зери паҳлӯ доштам чун нотавонӣ бистаре.
Ахгаре будам, зи доғи бекасӣ помоли яъс,
Бар сари ман соя кард охир кафи хокистаре.
Аз ҳаловатгоҳи фақрам буриёе додаанд,
Бо замин чун банди най часпидаам бар шаккаре.
Орзуҳо дар саводи ваҳм ҷавлон мекунад,
Он суи майдон дарафтодаст бо ҳам лашкаре.
Занги ғафлат маҳрами оинаи дил будааст,
Офият дорад даруни хона беруни даре.
Даври чарх аз кавкаби ошиқ сиёҳӣ кам накард,
Умрҳо шуд, як мураккаб
мекашам аз миҳбаре
Водии вомондагӣ тай мекунему чора нест,
Мебарад моро таҳи по норасидан раҳбаре.
Об мегардем, то муште арақ гул мекунем,
Шишасози мо надорад ҷуз ҳаё оташгаре.
Баски бе рӯяш чу шамъам зиндагонӣ хиҷлат аст,
Гар парад рангам, ба рӯи об мегардад паре.
Дар адабгоҳе ки ҳарфи теғаш ояд бар забон,
Гардани ман бин, агар хоҳӣ зи мӯ лоғартаре.
Бедил, аз миқдори зарфи худ намебояд гузашт,
Ваъзи мастон дар хати паймона дорад минбаре.