ТӮТИЁ
Маҳе, ки музди вафои маро ҷафо донист,
Дилам ҳар он чӣ ҷафо дид аз ӯ, вафо донист.
Равон шав аз дили хунинам, эй сиришки ниҳон,
Чаро ки он гули хандон чунин раво донист.
Сафои хотири ойинадори моро бош,
Ки ҳар чӣ дид ғубори ғамаш, сафо донист.
Гарам висол набахшанд, хушдилам ба хаёл,
Ки дил ба дарди ту хӯ карду ин даво донист.
Ту ғунча будию булбул хамӯши ғайрати ишқ,
Ба ҳайратам, ки сабо қисса аз куҷо донист?
Зи чашми Соя, Худоро, қадам дареғ мадор,
Ки хоки роҳи туро айни тӯтиё донист.