Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он кист он, он кист он, к-ӯ синаро ғамгин кунад?!

Он кист он, он кист он, к-ӯ синаро ғамгин кунад?! Чун пеши ӯ зорӣ кунӣ, талхи туро ширин кунад?! Аввал намояд мори кар, охир бувад ганҷи гуҳар, Ширин шаҳе, к-ин талхро дар дам накӯойин кунад! Деве бувад, ҳураш кунад, мотам бувад, сураш кунад, В-он кӯри модарзодро донову оламбин кунад! Торикро равшан кунад в-он хорро гулшан кунад, Хор аз кафат берун кашад в-аз гул туро болин кунад! Баҳри Халили хештан оташ диҳад афрӯхтан В – он оташи Намрудро ушкуфаву насрин кунад! Равшанкуни исторагон, чорагари бечорагон, Бар банда ӯ иҳсон кунад, ҳам бандаро таҳсин кунад! Ҷумла гуноҳи муҷримон чун барги дай резон кунад, Дар гӯши бадгӯёни худ узри гунаҳ талқин кунад! Гӯяд, бигӯ: “Ё зулвафо, ағфар лазанби қадҳафо”, Чун банда ояд дар дуъо, ӯ дар ниҳон омин кунад! Омини ӯ он аст, к-ӯ андар дуъо завқаш диҳад, Ӯро буруну андарун ширину хуш чун тин кунад! Завқ аст, к-андар неку бад дар дасту по қувват диҳад, К-ин завқ зӯри Рустамон ҷуфти тани мискин кунад! Бо завқ мискин Рустаме, бе завқ Рустам пурғаме, Гар завқ набвад, ёри ҷон, ҷонро чӣ ботамкин кунад?! Дилро фиристодам ба гаҳ, к-ӯ тез донад рафту раҳ, То сӯйи Табрези вафо авсофи Шамсуддин кунад!