ЗАМИН
Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин,
Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.
Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.
Бори аввал дар замин сар шуд тапиданҳои дил,
Бо умеди зиндагӣ заҳматкашиданҳои дил.
Тӯшаи раҳро ба дӯши хештан бардошта,
Сабру тоқатро надониста давиданҳои дил.
Зинда кардам дар замин ман шуълаи хомӯшро,
Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро,
Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунё омада
Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.
Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пои ман,
Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман.
То абад, бигзор, бошад шуълаафкан, шуълабор
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман.