Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар ҷон ба ҷуз ту хоҳад, аз хеш барканемаш

Гар ҷон ба ҷуз ту хоҳад, аз хеш барканемаш, В-ар чарх саркаш ояд, бар ҳамдигар занемаш! Гар рахти хеш хоҳад, мо рахти ӯ диҳемаш, В-ар қалъаҳо дарояд, вайронаҳо кунемаш! Гар ин ҷаҳон чу ҷон аст, мо ҷони ҷони ҷонем, В-ар ин фалак сар омад, мо чашми равшанемаш! Бехи дарахт хок аст в-ин чарх шоху баргаш, Олам дарахти зайтун, мо ҳамчу равғанемаш! Чун ишқи Шамси Табрез оҳанрабой бошад, Мо бар тариқи хидмат монанди оҳанемаш!