Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

АНДАР ЗОДАНИ ФАРИДУН

Баромад бар ин рӯзгоре дароз, Ки шуд аждаҳофаш ба тангӣ фароз. Хуҷаста Фаридун зи модар бизод, Ҷаҳонро яке дигар омад ниҳод. Биболид бар сони сарви саҳӣ, Ҳаме тофт з-ӯ фарри шоҳаншаҳӣ. Ҷаҳонҷӯй бо фарри Ҷамшед буд, Ба кирдори тобанда хуршед буд. Ҷаҳонро чу борон ба боистагӣ, Равонро чу дониш ба шоистагӣ. Ба сар-бар ҳаме гашт гардонсипеҳр, Шуда ром бо Офаридун ба меҳр. Ҳамон гов, к-аш ном Бармоя буд, Зи говон варо бартарин поя буд. Зи модар ҷудо шуд чу товуси нар, Ба ҳар мӯй-бар тоза ранги дигар. Шуда анҷуман бар сараш бихрадон, Ситорашиносону ҳам мӯбадон, Ки кас дар ҷаҳон гов чунон надид, На аз пирсар кордонон шунид. Замин кард Заҳҳок пургуфтугӯй, Ба гирди замин дар ҳамин ҷустуҷӯй. Фаридун, ки будаш падар Обтин, Шуда танг бар Обтин-бар замин. Гурезону аз хештан гашта сер, Баровехт ногоҳ дар доми шер. Аз он рӯзбонони нопокмард, Тане чанд рӯзе бад-ӯ боз х(в)ард. Гирифтанду бурданду баста чу юз Бар ӯ бар сар овард Заҳҳок рӯз. Хирадманд моми Фаридун чу дид, Ки бар ҷуфти ӯ - бар чунон бад расид, Фаронак будаш ному фархунда буд, Ба меҳри Фаридун дил оганда буд. Равон гашту дилхаста аз рӯзгор, Ҳаме рафт гирён сӯи марғзор. Куҷо номвар гов Бармоя буд, Ки рахшанда бар тан-ш пероя буд.