ВАЙРОНАҲО
Ба муносибати зилзилаҳои вайронгари соли 1998, ки вайронаҳои зиёде дар
шаҳри Файзобод ва дигар маҳалҳо гузоштанду беш аз даҳ ҳазор кас шаҳид
шуд.
«Эй хирад баркаш ту пар(р)у болҳо,
Сура бархон, зилзилатзилзолҳо».
Навҳа кун, бар шаҳри вайрон, навҳа кун,
Бар сари гӯри шаҳидон, навҳа кун.
Ёд кун аз шаҳри Файзободи мо,
Мардуми ғамдида, аммо шоди мо.
Ёди он шаҳре, ки шаб ларзиду рафт,
Қасрҳову кӯшкҳо афтиду рафт.
Ёд кун, аз кӯдакони дардманд,
Шевани занҳо ба овози баланд.
Ёд кун, з-он хонаҳо, бозорҳо,
Ёд кун, з-он киштаҳо, гулзорҳо.
Ёд кун, аз чеҳраҳои лолагун,
Ёд кун, аз лолаҳои ғарқи хун.
Бар дари фарёдрас фарёд кун.
К-эй Худованди замину осмон.
Эй ба даргоҳат умеди ростон.
Аз чӣ бар мо ин ҳама бедод рафт?
Шаҳрҳои мо чаро барбод рафт?
Тирҳо меояд аз гардун чаро?
Афканад моро ба хоку хун чаро?
Риштаи тақдири мо дар дасти туст,
Қудрати ин тирҳо аз шасти туст.
Чун зи шасти ту ҷаҳад тири қазо,
Хун биҷӯшад аз замину аз фазо.
«То ту дасти худ ба тиркаш мебарӣ,
Ҳар киро хоҳӣ ба оташ мебарӣ».
Ҳастии мо ҷумлагӣ аз ҳасти туст,
Мо ҳама шохем, теша дасти туст.
«Шохро бар теша дасте ҳаст? Не,
Ҳеч шох аз дасти теша ҷаст? Не.
Ҳақи он қудрат, ки он теша турост,
Аз карам кун ин кажиҳоро ту рост».
Мо ҳама гар нек, ё бад будаем,
Пайрави роҳи Муҳаммад будаем.