ВАФО
Биё, ки бар сари онам, ки пеши пои ту мирам,
Аз ин чӣ хуштарам, эй ҷон, ки ман барои ту мирам.
Зи дасти ҳаҷри ту ҷон мебарам ба ҳасрати рӯзе,
Ки ту зи роҳ биёиву ман ба пои ту мирам.
Бисӯхт мардуми бегонаро ба ҳолати ман дил,
Чунин ки пеши дили дерошнои ту мирам.
Зи по фитодаму дар сар ҳавои рӯи ту дорам,
Маро бикуштию ман даст бар дуои ту мирам.
Бикун ҳар он чӣ тавонӣ ба Сояи бедил,
Маро зи ишқи ту ин бас, ки дар вафои ту мирам.