ЁДГОРИ ХУНИ САРВ
Дило, дидӣ, ки хуршед аз шаби сард,
Чу оташ сар зи хокистар баровард.
Замину осмон гулрангу гулгун,
Ҷаҳон дашти шақоиқ гашт аз ин хун.
Нигар то ин шаби хунин саҳар кард,
Чӣ ханҷарҳо, ки аз дилҳо гузар кард.
Зи ҳар хуни диле сарве қад афрошт,
Зи ҳар сарве тазарве нағма бардошт.
Садои хун дар овози тазарв аст,
Дило, ин ёдгори хуни сарв аст.