БӮЙИ ХАЗОН
Субҳе ба лаби об ба савдойи ту рафтам,
Мавҷе шудаму маст ба дарёйи ту рафтам.
Дунёи маро сӯхтӣ, эй ишқи ҷаҳонсӯз,
Акнун караме кун, ки ба дунёйи ту рафтам.
Бигрехтам аз шаҳри хушиҳои дурӯғин,
Дар ҷангали ҷонпарвари ғамҳойи ту рафтам.
Ту сели хурӯшандаю ман шохаи хушкам,
Ҳар ҷо, ки ту рафтӣ, ба қадамҳойи ту рафтам.
Гаҳ хоки хароботаму гаҳ масти муноҷот,
Бингар, ки куҷоҳо ба таманнойи ту рафтам.
Фонӣ, сухани бехабарон бӯйи хазон дошт,
Ман дар чамани сабзи ғазалҳойи ту рафтам.