Ба тарфи пухтагон тақлид дорад хиҷлати хомӣ,
Ба тарфи пухтагон тақлид дорад хиҷлати хомӣ,
Махоҳ аз ғунчаҳо миноию аз барги гул ҷомӣ.
Уруҷи нози бемағзон тамошо кардане дорад,
Ба афсуни ҳавое чанд сарҳо мекунад бомӣ?
Ба ороиш ниқоби табъи ноҳамвор натвон шуд,
Зи ранги ҷома доранд ин дуруштон нозукандомӣ.
Ривоҷ аз чарбнармиҳои ахлоқ аст хубиро,
Ба завқи чашмаки шуҳрат нигин то чанд бо доме?
Муҳайёи фано шав, чун сапедӣ сар зад аз мӯят,
Чӣ худдорист, ғофил, ҷомаи субҳ аст эҳромӣ.
Ҷаҳонеро ба рангомезии ваҳм аст кор ин ҷо,
Ту ҳам наққоши анқо бошу мекаш сурати номе.
Қаноат то ба кунҷи сабр домонат намегирад,
Гиребон чок бояд зад зи дасти ҳирсибромӣ.
Раҳи ҳастӣ агар тай шуд, адам дар пеш меояд,
Бадар ҷастан надорад з-ин тилисми субҳею шоме.
Фалак хунхорие дорад, куҷо мастӣ, чӣ махмурӣ?
Ҳарифе нест дигар, хатм бар хум шуд майошомӣ.
Ба дӯши зиндагӣ ҳаққест, мебояд адо кардан,
Нафасро кас намедонад, ки товонест ё воме?
Замоне нест, к-аз ташвиши ҳасратҳо бурун оям,
Ду олам орзу сайди хаёлам кард бедомӣ.
Сухан сеҳрест, Бедил, мадҳу зам таъсири найрангаш,
Зи мавзунӣ машав ғофил, чи таҳсине, чи дашноме.