Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҲАР КАСЕ ГӮЯД – ЛУМУМБА…

Боз меояд садои кундаю занҷир ҳам, Боз меояд садоҳои туфангу тир ҳам. Боз ҷаллодони имрӯза табар бардоштанд Боз теғи хунфишонро бар гулу бигзоштанд. Боз хоин фитнаю иғвогариҳо мекунад, Боз дар байни халоиқ худсариҳо мекунад. Боз озодипарастонро ба зиндон мебаранд, Боз ҷисми бегуноҳонро чу гургон медаранд. Боз дар Конго ба доллар худфурӯшӣ мекунанд, Ин ҷиноятҳои худро пардапӯшӣ мекунанд. Ғайр мехоҳад, ки созад маҳв истиқлолро, Тира гардонад дубора субҳи истиқболро. Халта-халта зар фиристонанд рокфеллерҳо Тангтар то ин ки гардад ҳалқаи занҷирҳо. Гарчи бо фармони хоин шуд Лумумба дастгир, Дар хатар мондаст гарчи зиндагии сарвазир, Лек душманро ба фатҳ уммед бастан мушкил аст, Рӯҳи озодипарастонро шикастан мушкил аст. Ҳар касе гӯяд: Лумумба! Халқ исён мекунад, Баҳр ҳам ҷӯшида, уқёнус туғён мекунад. Халқ медонад, ки рӯзе қулфи зиндон во шавад, Офтоб аз дар дарояд, тӯй дар Конго шавад!