ҲИСОРИ ДИЛ
Буд шоҳеро сипоҳе хашмгин,
Карда кишварҳо басе зери нигин.
Як шабе дар маҳфили дарбориён,
Бо такаббур кард шоҳаншаҳ баён:
К-аз шукӯҳи тобиши шамшери мо,
Гашт паҳнои ҷаҳон тасхири мо.
Ҳар куҷо бинӣ дар ӯ дарвозае,
Бошад аз мо андар ӯ овозае.
Андар ин олам даре пайдо нашуд,
К-аз калиди ҳайбати мо во нашуд.
Теғи мо сар то сари дунё гирифт,
Бояд акнун кишвари дилҳо гирифт.
Пас касонро мефиристам сӯйи шаҳр,
То ки бархонанд ин фармон ба ҷаҳр:
Дарби дилро во кунед, эй шаҳриён,
То дарояд ишқи шоҳаншаҳ дар он.
Ҳар кӣ меҳри шоҳро дар дил надошт,
Ҷуз надомат аз ҷаҳон ҳосил надошт.
Чун расониданд ин фармон ба шаҳр,
Шаҳриёнро ҷои меҳр афзуд қаҳр.
Зери лаб гуфтанд: Мо ҷон медиҳем,
Лек дилро кай ба султон медиҳем?
Пирамарди нуктадону нуктасанҷ,
Чашмаш аз гармову сармо дида ранҷ.
Пеш рафту гуфт: Эй бедонишон,
Бехабар аз ҳикмати он бенишон.
Шоҳро гӯед: Дил арши Худост,
Ихтиёраш кай ба дасти подшост?
Ҳар ҳисоре фатҳ гардад бо сипоҳ,
Ҷуз ҳисори дил, ки ӯро нест роҳ.
Одамиро метавон куштан ба зӯр,
Фотеҳи дил кай тааон гаштан ба зӯр?
Фатҳи мулки дил на кори лашкар аст,
Қуфли дилҳоро калиди дигар аст.
Эй, ки мехоҳӣ, ки хонандат амир,
Аз мани овора ҳам панде пазир.
То нагардӣ фотеҳи дилҳо нахуст,
Ин қабо бар қадди ту н-ояд дуруст.