БАЙНИ ДУ САНГ
Зоҳид зи кина хонаи мардум хароб кард,
Бурдам ба шайх шиква, бигуфто: Савоб кард.
Қозӣ, ки айби бодапарастон ба халқ гуфт,
Худ хуни халқ нӯш чу ҷоми шароб кард.
Эй муҳтасиб, магӯ, чаро ёри хубчеҳр,
Рухсораро аён чу гули моҳтоб кард?
Рухсори ёр дошт ҳиҷоб аз ҳаё, вале
Чашми ҳаваспарасти туаш беҳиҷоб кард.
Эй соҳиби китоб, барандозаш аз мақом,
Он кас, ки қатли ом ба ҳукми китоб кард.
Султони ишқ хост ба вайрона ҷо кунад,
Вайронтаре наёфт, маро интихоб кард.
Як санг ҳаҷри меҳану як санг дарди ишқ,
Гардун дар ин ду санг маро осиёб кард.