ЧАНГИ ШИКАСТА
Бозам ба сар зад имшаб, эй гул, ҳавои рӯят,
Пое намедиҳад то пар во кунам ба сӯят.
Гирам қафас шикастам в-аз дому дона ҷастам,
Ку боли он ки худро бозафканам ба кӯят?
То кай чу шамъ гирям, эй дар ин шаби тор,
Чун субҳ нушханде то ҷон диҳам ба бӯят?
Аз ҳасратам бимӯяд чанги шикастаи дил,
Чун боди навбаҳорӣ чанге занад ба мӯят.
Эй гул, дар орзуят ҷону ҷавониям рафт,
Тарсам бимираму боз бошам дар орзуят.
Азпофитодагонро дасте бигир охир,
То кай ба сар бигардам дар роҳи ҷустуҷӯят?
Ту, эй хаёли дилхоҳ, зеботарӣ аз он моҳ,
К-аз ашки шавқ додам як умр шустушӯят.
Чун Соя дар паноҳи девори ғам биосой,
Шодӣ намекушояд, эй дил, даре ба рӯят.