Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сабре, ки субҳи ин боғ аз мо ҷудо нахандад,

Сабре, ки субҳи ин боғ аз мо ҷудо нахандад, Гул мерасад, ду дам бош, то бар қафо нахандад. Ҷамъияти дил ин ҷост мавқуфи бастани лаб, Ин ғунчаро даме чанд бигзор, то нахандад. То фикри куфру дин аст, чандин шаку яқин аст, Гар таври дониш ин аст, Маҷнун чаро нахандад? Мотамсарост дунё, то чанд шодӣ ин ҷо? Эй маҳрамон, бигирйед, кас дар азо нахандад. Ҷуз саъйи бенишонӣ нанги фусурдаҷонист, Бояд гузашт аз ин дашт, гар нақши по нахандад. Гар пириям дар ин боғ аз шарм лаб кушояд, Гул бо вуҷуди шабнам дандоннамо нахандад. Зонупарастиямро бар сад баҳор ноз аст, Шамъи бисоти таслим сарбарҳаво нахандад. Урёнӣ эътиборест, ифлос ҳам шиорест, Далқи куҳан баҳорест, гар мирзо нахандад. Даври ғанову ифлос як бодаву ду ҷоманд, Гар бо карим шармест, пеши гадо нахандад. Эй коргоҳи ибрат, анҷоми умр пирист, Қадди дуто дулаб шуд, марг аз куҷо нахандад? Чун ном бар забонҳо наншаста роҳи худ гир, Нақши нигин нагардӣ, то бар ту ҷо нахандад. З-он чеҳраи арақнок бепардагӣ чӣ ҳарф аст? Он гул ки обёраш бошад ҳаё, нахандад. Поси ҳузури улфат аз оламест, к-он ҷо Гар захм ҳам бихандад, аз ҳам ҷудо нахандад. Ҳарчанд гарди имкон домони субҳ гирад, Бедил, шикастани ранг бар рӯи мо нахандад.