Барорад гарам оташи дил забона,
Барорад гарам оташи дил забона,
Шавад гарди боли самандар замона.
Кушоям гар аз бехудӣ шасти оҳе,
Кунам қуббаи чарх занбӯрхона.
Ба сад лофи ворастагӣ сайди хешам,
Набурдаст парвозам аз ошёна.
Чароғи адабгоҳи базми хаёлам,
Намеболад аз оташи ман забона.
Дар ин дашт халқе зи худ рафт, аммо
Надонист сарманзиле ҳаёт ё на.
Фалак нақши номи кӣ хоҳад нишондан
Ба ин хотами саднигин дар миёна?
Садафвор то як гуҳар ашк дорӣ,
Аз ин осиёҳо маҷӯ обу дона.
Ду рӯзе к-аз ин мовуман масти нозӣ,
Ба хоби адам гуфта бошӣ фасона.
Кафи пучмағзӣ, макун фикри дарё,
Ки ҳар ҷо туӣ, нест ғайр аз карона.
Қиёматхурӯш аст бунёди имкон,
Аз ин сози найранг инсон тарона.
Дамидаст аз оби манӣ мушти хоке
Ба сад сахтҷонӣ чу санг аз масона
Муҳол аст парвозат аз доми зулфаш,
Агар ҷумла тан бол гардӣ чу шона.
Ба пирӣ кашидем ранҷи ҷавонӣ,
Саҳар мекунад гул хумори шабона.
Агар гашти боғ асту гар сайри саҳро,
Равонем аз худ ба чандин баҳона.
Ғубори ҷасад чашмбанд аст, Бедил,
Чу деворат афтод, саҳрост хона.