Муаллими Мо
Субҳи дилафрӯз
Бархезад аз хоб,
Чун рӯ намояд
Меҳри ҷаҳонтоб,
Дар саҳни мактаб,
Дар боғи гулпӯш,
Моро бигирад
Бо меҳр оғӯш -
Муаллими мо!
Муаллими мо!
Чини ҷабинаш,
Чини ду рӯяш,
Зебад ба ранги
Чун барф мӯяш.
Қадди баландаш
Гарчи хам имрӯз,
Мисли ҳамеша
Шод асту пирӯз -
Муаллими мо!
Муаллими мо!
Мо аз раҳиӯ
По мегузорем,
Андарзи ӯро
Дар ёд дорем.
Хоҳем доим
Бошад саломат,
Ҳаргиз набинад
Рӯйи маломат -
Муаллими мо!
Муаллими мо!
