Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Гунҷишкакон

Дар шохаҳо чун баргҳо Гунҷишкакон биншастаанд, Гунҷишкакон дар шохаҳо Чун баргҳои бастаанд. Гунҷишкакон дар шохаҳо Чун баргҳо кам мешаванд, Дар шохаҳо чун баргҳо Гунҷишкакон зам мешаванд. Пешу қ афо пар мезананд Аз шохаҳо бар шохаҳо, Резанд аз тори ҳаво Чун баргҳо пешу қ афо. Баъди зимистон медамад Субҳи баҳори гулфишон, Ид асту бозӣ мекунанд Гунҷишкакон чун кӯдакон.

Китобҳои муаллиф