Калбуз
Калбуз бузи кал набуд,
Шохе дар фарқи сар дошт,
Бо шохи зебои худ
Савлату карру фар дошт.
Озоре сахт медод
Вақти чаро бузҳоро,
Ҷангара буду мезад
Оромиро пушти по.
Бо таккае забардаст
Кашмакаш рӯйи тал кард,
Шохаки худро шикаст,
Нофармон худро кал кард.
Афти хубаш бадал шуд,
Нозеб аз ин амал шуд,
Шаҳбузи хушсурат буд,
Бузи одии кал шуд.
