Маро Танбал Нагӯед
Танбал маро нагӯед,
Ҳарфи ноҷо нагӯед,
Ки ман акнун қ обилам,
Бар ин гап муқ обилам.
Баччаи гапдароям,
Аз гап намебароям.
Намегурезам аз кор,
Дар кори хона - тайёр.
Ҷорӯбам ҳамроҳи ман,
Ҷорӯбам гувоҳи ман.
Аз хона бо ҷорӯбам
Танбалиро мерӯбам!
