Модарам Аз Кор Омад
Модарам аз кор омад,
Монда шудасту хаста.
Мехоҳад, ки дам гирад
Дар кунҷи кат нишаста.
Ку-ку магӯ пеши дар,
Мурғаки шилшилапо!
Ав-ав накун ин қадар,
Алмоси гапнодаро!
Вақти мияв-мияв нест,
Гурбаяки бехабар!
Шақ -шақи худро бас кун,
Шақ шақ қаи алопар!
Намебинӣ, қ арорам,
Нидо намебарорам,
Бо зочаи гулдорам
Ҳатто бозӣ надорам.
Ин соат оби ҷӯбор
Бояд садо барорад,
Бӯйи гулу бӯйи хор
Ба модарҷонам орад.
Шамолаки гулафшон
Бубояд алла гӯяд…
Хулбӯйи тар бичинам,
Модарҷонам бибӯяд.
Модарам аз кор омад,
Монда шудасту хаста.
Мехоҳад, ки дам гирад
Дар кунҷи кат нишаста.
