Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ҲОФИЗ

Сарам ҷуз хаёлат ҳавое надорад, Ғамам бе висолат давое надорад, Танам бе наволат навое надорад, «Дилам бе ҷамолат сафое надорад Чу бегонае, к-ошное надорад». Гули рӯйи зебо, бару дӯши насрин, Қади сарви раъно, тани софи симин, Лаби лаъли гӯё, сари зулфи мушкин – «Ҳама чиз дорад дилорому лекин Дареғо, ки бо мо вафое надорад!» Ба он рӯйи зебо, ба он холи мушкин, Ба ин қадди раъно, ба ин зулфи пурчин Супурдам дили хешро пок, лекин «Матои дили поки ушшоқи мискин Ба бозори ҳуснаш баҳое надорад». Дили Айнӣ ошуфта гашта чу мӯят, Шабу рӯз гардид дар ҷустуҷӯят, Сафо ёфт охир зи рӯйи накӯят. «Чу моҳ аст равшан, ки бе меҳри рӯят Дилу ҷони Ҳофиз сафое надорад».