Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

МУҲАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Бар боғи ҷаҳон нахли шакарбори ман ин аст! Дар хони амал лаълии хушбори ман ин аст! Ҷони ману ҷонони ману ёри ман ин аст! «Гӯ халқ бидонанд, ки дилдори ман ин аст! Дилдори ҷафокори ситамгори ман ин аст!» Эй бод, расон бар қадамаш мултамаси ман! Шояд шавад ин лутфи ту фарёдраси ман! Дар олами имкон ба ҷуз ӯ нест каси ман, «Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман, Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст!» Ҳарчанд ки як бор накардӣ ту маро ёд, Бе ёди ту ҳаргиз нашавад хотири ман шод, Вақте ки дилам аз ғами ту буд ғамобод, «Бӯйи сари зулфат ба ман овард шабе бод, Аз ҳамнафасон ёри ҳаводори ман ин аст!» Айнӣ шуда дар анҷумани ишқ ғазалхон, Хурсанд нишинад чи ба васлу чи ба ҳиҷрон, Онҳо, ки надонанд сурури ғами ҷонон, «Гӯянд: Камол, аз пайи ӯ чанд канӣ ҷон? То ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст!»