Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ДАР ТАЗМИНИ

«Ҳар сарви сиҳӣ, ки боғбон кишт, Охир ҳама ҳезум асту ангишт»,1 Ҳар сарвқаде, ки қад барафрохт, Охир ба мағоки хок ҷо сохт. Ҳар моҳрухе, ки рух барафрӯхт, Охир ба шарораи фано сӯхт. Ҳар гул, ки ба навбаҳор бишкуфт, Охир ҳамаро хазон чу хас рӯфт. Ҳар ҷост, ки обшору гулгашт, Охир шуданист хушк чун дашт. Ҳар қаср, ки сохт дасти меъмор, Дар дасти фаност охири кор. Ҳар моҳ, ки ёфт авҷи иқбол, Гардид ҳилол охири ҳол. Дар сафҳаи рӯзгор аз кас Номи баду нек монаду бас. Эй дил, чу гузаштанист айём, Бар хурду бузург кому ноком, Он беҳ, ба замини зиндагонӣ Тухми амали наку фишонӣ. Чун моҳ ба авҷи комронӣ Бар рӯйи ҷаҳон зиё фишонӣ. Байт аз Саъдӣ мебошад. Чун боғ ба вақти навбаҳорон Бикшой дили ҳазини ёрон. Чун сарв агар самар надорӣ, Аз сояи худ бубахш боре. Чун меҳр туро чу нест тобе, Боре чун абр пош обе. Чун абр гар оби дилкашат нест, Охир на зи оҳ оташат нест. Дар мавриди эҳтиёҷ оташ Кам нест зи об хубу дилкаш. Бахшой ба қадри иститоат Аз умр ба хидмати ҷамоат. Гуфтам ба ту, он чӣ гуфтанӣ буд, Бод аз ту Худову халқ хушнуд!