Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

ҚИССАИ ПАРВОНА ВА КИРМАК

Аз «Аз ҳар даҳан сухане»-и Маҳмуди Тарзӣ ба назм оварда шуд. Фасли баҳорон, ки чаман сабз буд, Сумбулу шамшоду суман сабз буд, Сояи беду лаби ҷӯ пеши кишт, Дошт нишон аз лаби ҷӯйи биҳишт. Манзараи сабзи равонбахш буд, Бӯйи шукуфа ҳама ҷонбахш буд. Бод вазида зи сари бедмушк, Мушк фишонда ба димоғони хушк. Абри баҳор об зада марғзор, Бурда зи рӯйи гулу сабза ғубор. Дашт зи хосияти фасли рабеъ Ҷилва намуда ба ҷамоли бадеъ. Замзамаи фохтаю андалеб Бурда зи ҷону дили ёрон шикеб. Кирмаке, алқисса, дар ин марғзор Буд ниҳон дар таки як бутта хор. Не бару не қомати раъно дар ӯ, Не сару не сурати зебо дар ӯ. Ҳам яке парвонаи густох буд, Гоҳ ба ин, гоҳ ба он шох буд. Маст ба ҳар сӯйи чаман мечамид, Гоҳ ба гул, гаҳ ба суман мечамид. Ҳайъаташ аз ғояти озодагӣ Зеб ба гулҳои чаман додагӣ, Тобиши хуршед фитад бар параш, Чун пари товус шавад ҳар параш, Оби тароват чакад аз ҳайъаташ, Бӯйи латофат расад аз ҷайъаташ. Гоҳ нишасташ зи сари ноз буд, Гоҳ далерона ба парвоз буд. Баски зи парвоз худаш маст буд, Сарви баландаш ба назар паст буд. Кирмаки бечора, ки парвона дид, Зиндагии хеш фақирона дид. Оҳ кашид аз сари аҷзу ниёз