Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Дерест, к-аз зулфи сияҳ савдо ба сар дорӣ маро,

Дерест, к-аз зулфи сияҳ савдо ба сар дорӣ маро, Ҳар рӯз аз рӯзи дигар ошуфтатар дорӣ маро. Вақти табассум аз лабат гаҳ ҷон бубахшӣ аз вафо, В-аз ғамзаи чашми сияҳ гаҳ муҳтазар дорӣ маро. Рӯзи фироқат, эй санам, афтодаам дар кунҷи ғам, Шояд ки бо лутфу карам аз хок бардорӣ маро. Андар фироқат дам ба дам месохтам андуҳу ғам, Аз интизорат ҳар замон таври дигар дорӣ маро... Ҷон дар раҳат исор шуд, тан дар ҳавоят зор шуд, Эй бемурувват, кор шуд, боз о, агар дорӣ маро. Эй гул, нигар бар ҳоли ман, чанд аз самуми фурқатат Дар навбаҳори ҳусни худ беболу пар дорӣ маро?! Нозофаринеро, ки ман аз ҷон гирифторестам, Айнӣ, зи номаш деҳ хабар, то бехабар дорӣ маро.