Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бод имшаб мушкбор ояд ҳаме,

Бод имшаб мушкбор ояд ҳаме, Гӯйӣ аз кӯйи нигор ояд ҳаме. Вақти он омад, кушояд дил зи ғам, К-аз чаман бӯйи баҳор ояд ҳаме. Лола чун лаъли лаби ҷонон ба чашм Оташину обдор ояд ҳаме. Мушковар боду амбарбӯ шамол Аз ямину аз ясор ояд ҳаме. Унф – қаҳру ғазаб. Хуш бувад хоро канори обшор, Ёр ҳам гар дар канор ояд ҳаме. Сояи беду шамоли Шоҳрӯд Табъи касро созгор ояд ҳаме. Реги Ҷӯгихонаро абр об зад, Бар дил аз вай кай ғубор ояд ҳаме. Оби ҷӯйи Қаллуқону Тавсанак З-оби кавсар хушгувор ояд ҳаме. Дар ғамам имсол, Айнӣ, з-ин ғазал Ёди шодиҳои пор ояд ҳаме.