Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Дидӣ ба раҳам, итоб кардӣ,

Дидӣ ба раҳам, итоб кардӣ, Дилро ба ситам хароб кардӣ. Хун буд дилам ба изтиробат, Аз оташи қаҳраш об кардӣ. Охир, на манам зи дӯстонат, Аз ман зи чӣ иҷтиноб кардӣ? Дил буд кабоби интизорӣ, Он ваъда, ки аз шароб кардӣ. Охир чӣ шуд аз раҳи такаббур Аз яъс дилам кабоб кардӣ? Ҳар арза, ки аз ниёз кардам, Бо нозу ғазаб ҷавоб кардӣ. Девона маро ба кӯю бозор, Эй шӯхи паримаоб, кардӣ. Дар ҳаҷр чу мурғи нимбисмил Умрам ҳама изтироб кардӣ. Якбора бикуш, ки халқ гӯянд: Як бор ту ҳам савоб кардӣ. Ҷурмам чӣ, ки, э биҳиштталъат, Дар дӯзахи ғам азоб кардӣ? Хомӯш, ки аз фиғони ҷонсӯз, Айнӣ, дили санг об кардӣ. Иҷтиноб – худро канор гирифтан, дурӣ ҷустан.