Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ман бандаи сарви қомати ту,

Ман бандаи сарви қомати ту, Қурбони туву латофати ту. Дидам ҳама шаккаринлабонро, Н-омад зи яке ҳаловати ту. Вайрон созӣ бинои тақво, Ин аст ҳамеша одати ту. Лаззат бахшад ҳадиси ишқат, Шаҳд аст магар ҳикояти ту. Аз марҳами дигарон накутар Бар синаи ман ҷароҳати ту. Нозукбаданию нозанинрух, Гулро набувад назокати ту. Шӯре ба ҷаҳон фиганд ишқам Аз ҳусни туву ҳаловати ту. Ҷонҳо бикашад ба хоку хунҳо Рафтори асарқиёмати ту. Ҳар шаб ба дуо равам ба кӯят Дар орзуи ҳақорати ту. Бо дашноме навоз моро, Кофист ҳамин зиёфати ту. Мурдан бошад беҳин муродам, Гар қатли ман аст иродати ту. Ҳаргиз нарасад сухан ба поён Дар хубии бениҳояти ту. Айнӣ, чӣ бало ҳариси ишқӣ? Таҳсин ба шикебу тоқати ту!