БА ИСТИҚБОЛИ БАҲОР
Файзи худро бар сари мо, эй баҳорон, рез-рез,
Аз сари шаҳру деҳоти Тоҷикистон рез-рез.
Наҳрҳои нуқраворатро ба саҳроҳои кишт
Чун арақҳои ҷабини марди деҳқон рез-рез.
Даста-даста чида гулҳои сафеди хешро
Дар заминҳои васеи пахтакорон рез-рез.
Ҳамчу нури офтоби беғубори субҳдам
Чашмаҳои софро аз кӯҳсорон рез-рез.
Ҳар куҷо хуррам намо, ки халқи мо по мениҳад,
Бӯ кунад то аз рухи гулҳои хандон, рез-рез.