Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

МАМЛАКАТИ ТИЛЛОӢ

І Тоҷикистони советӣ ҳамчу як гулдаста аст, Қомати сабзаш дар ин боғи ленинӣ растааст, Рангу бӯяш қимати ҳар мушкро бишкастааст, Халқи дилшодаш ба вай меҳру муҳаббат бастааст, З-ин сабаб ҳам хизматашро аз дилу ҷон мекунад. Мезанам дар ҳар куҷояш бо сарафрозӣ қадам, Бар заминаш бо суруди нав ба нав по мениҳам, Мекунам наззора бар шаҳру деҳоташ дам ба дам, Дил намехоҳад, ки чашмам аз тамошояш канам, Чунки аз шавқаш дили касро хурӯшон мекунад. Хонаи осудаю уммедгоҳи мо бувад, Маскани осоишу пушту паноҳи мо бувад. Чун падар, модар, бародар такягоҳи мо бувад, Мухтасар, ҳам ҳомию ҳам иззу ҷоҳи мо бувад, Халқ аз вай сарбаландиҳо ба даврон мекунад. Дар фазояш мурғи фӯлодин ба ҷавлон омада, Дар заминаш гур-гури мошин фаровон омада, Ҷӯши меҳнат ҳар тараф дар мавҷу туғён омада, Фатҳ дар оғӯши нармаш чун арӯсон омада, Бар рухи мо хандаҳои гарму ҷӯшон мекунад. Кӯҳсораш лаб ба лаб аз кони тиллоясту зар, Сохтмонҳояш пур аз мавҷи суруди коргар, Дашту саҳрояш макони пахтакори пурҳунар, Меваҳои боғҳояш ширин аз шаҳду шакар, Роҳатафзоӣ ба ҷисму ҷони инсон мекунад. Роҳҳои борику каҷҷу килеби пурхатар, Кӯпрукҳои бади ларзонаки касногузар, Даштҳои хорзору мудҳиши пурғору ҷар Сар басар гаштанд боғу бӯстони пурсамар, Рафтуомад кас дар онҳо тезу ҷаққон мекунад. Аз дили Варзоб печад бар фалак фаввораҳо, Нурҳои офтобии электр доимо, Бар сари мо ҳамчу ҷӯи об мерезад зиё, Шаҳрҳо, қишлоқҳо равшан шуда чун бахти мо, Бар дару боми халоиқ нурборон мекунад. ІІ Ман намедонам чи сон тасвир созам ба сухан