СУРУДИ ҶАВОНӢ
І
Мо лашкари бошавкати хушбахти ҷаҳонем,
Ӯрдуи зафарпешаи даврони ҷавонем,
Бо байрақи ленинӣ ҷасурона равонем.
Тайёр ба фармони Ватан аз дилу ҷонем.
З-он аст, ки гул карда саросар Ватани мо,
Ин боғи пур аз меваи мо, ин чамани мо.
ІІ
Бо душмани ғаддори бадандеш биҷангем,
Мо насли ҷавон аз ҳама ҳам беш биҷангем,
Як тан шуда доим ба сафи пеш биҷангем.
Баҳри зафари мамлакати хеш биҷангем.
З-он аст, ки гул карда саросар Ватани мо,
Ин боғи пур аз меваи мо, ин чамани мо.
ІІІ
Партияи мо, роҳбари мо, падари мо,
Бахшандаи озодию фатҳу зафари мо.
Ҳар соату ҳар лаҳза бувад ҳамсафари мо,
Шамъи хиради мо, маяки шуълавари мо.
З-он аст, ки гул карда саросар Ватани мо,
Ин боғи пур аз меваи мо, ин чамани мо.