БА ДУХТАРИ АСТУРИЯ
Ба Долорес Ибаррури
Духтари қаҳрамони астурӣ,
Бо хаёлат вуҷуди мо банд аст,
Ҷон ба ҷонат мудом пайванд аст,
Гарчи фарсангҳо зи мо дурӣ.
Халқи озоди мо, ки рӯзафзун
Ба зафар кардани ту муштоқ аст,
Тоқаташ ҳам ба-дин сабаб тоқ аст,
Мисли сарбози рус ғайрат кун.
Ҳамчу девори оҳанин саф каш,
Пеши сагҳои Аврупоро гир,
Зан ба гардан, ба пояшон занҷир,
Тухмашонро бисӯз чун оташ.
Ба даҳони фашизм – аждарҳо
Зан, ки аз он сию ду дандонаш
То ба ҳалқаш фурӯ равад. Номаш –
Гум шавад, нест гардад аз дунё.
«Варна бо ифтихор мурдан беҳ,
То ба фашизм сар фаровардан,
То намудан ба хасм хам гардан,
Қаҳрамонона ҷон супурдан беҳ»1.
Байрақи фатҳи бо хун олуда
Мекунад ҷилва оқибат фардо –
Дар фазои ту! Камбағалҳоро
Менамояд ба даҳр осуда!