САНГВОРА
Ин сокити сабур, ки чун шамъ,
Сар карда дар канори ғами хеш,
Бо ин шаби дарозу дирангаш,
Ҷонаш ҳама фиғону дареғ аст,
Фарёдҳост дар дили тангаш.
Дар хилвати ғамовари марҷон,
Пайҳои ҳои гиря шабе нест,
Аммо хурӯши ваҳшии дарё,
Гум мекунад дар ин шаби тӯфон,
Фарёдҳои хастаи ӯро.
Бас дар ҳисори ин шаби дилгир,
Мондам нигоҳи баста ба равзан,
Ҳамчун гиёҳ раста буни чоҳ,
Як-як ситораҳо ба сари ман
Чун ашк пур шуданду чакиданд,
Ное наруст охир аз ин чоҳ.
То нолаҳои ман битавонад,
Рӯзе ба гӯши раҳгузаре гуфт:
В-аз хуни талхи ман гули сурхе,
Дар ин кавири сӯхта нашкуфт.
Бас орзу, ки дар дили ман мурд,
Чун ишқҳои даври ҷавонӣ,
Аммо умед ҳамраҳи ман монд,
Танҳо гиристем ниҳонӣ.
Мурғи қафас агарчи асир аст,
Боз орзуи пар заданаш ҳаст.
Инак, ситам, ки мурғи ҳаворо,
Аз ёд рафтааст, дареғо.
Руъёи ошёна дар абр,
Шабҳо дар интизори сапеда,
Бо оташе, ки дар дили ман буд,
Чун шамъ қатра-қатра чакидам.
Афсӯс, бар даричаи бод аст,
Фонӯси нимаҷони умедам.
Бас дер мондӣ, эй нафаси субҳ,
К-ин ташнаком чашмаи хуршед,
Дар орзуи лаъл шудан мурд
В-имрӯз зери резиши айём,