ТАШВИШ
Биншинему бияндешем,
Ин ҳама бо ҳам бегона,
Ин ҳама дурию безорӣ,
Ба куҷо оё хоҳем расид охир?
Ва чӣ хоҳад омад бар сари мо бо ин дилҳои пароканда?
Ҷангале будем,
Шоха дар шоха ҳама оғӯш,
Реша дар реша ҳама пайванд.
В-инак анбуҳи дарахтони танҳоем,
Меҳрубоне ба дили бастаи мо мурғест,
К-аз қафас дар накушодемаш
Ва ба узре, ки фазое нест.
В-андарин боғи хазонхӯрда,
Ҷуз самуми ситамоварда ҳавое нест,
Раҳи парвоз надодемаш.
Ҳастии мо, ки чу ойина,
Танг бар сина фушурдемаш аз ваҳшати сангандоз,
На сафову на тамошо ба чӣ кор омад?
Душмане дилҳоро бо кин хӯгир кард,
Дастҳо бо дашна ҳамдастон гаштанд,
Ва замин аз бадхоҳӣ ба сутӯҳ омад,
Эй дареғо, ки дигар душман рафт аз ёд,
В-инак аз синаи дӯст,
Хун фурӯ мерезад,
Дӯст, к-андар бари вай гиряи анбоштаро,
Натвонӣ сар дод,
Чӣ тавон гуфтамаш?
Бегона аст.
Ва сарое, ки ба чашмандози панҷарааш,
Нест дарахте, ки бар ӯ мурғе,
Ба фиғони ту диҳад посух зиндон аст.
Ман ба аҳде, ки бадӣ мақбул
Ва тавоноӣ доноист,
Бо ту аз хубӣ мегӯям,
Аз ту доноӣ меҷӯям.
Хуби ман, доноиро биншон бар тахт
Ва тавоноиро ҳалқа ба гӯшаш кун,
Ман ба аҳде, ки вафодорӣ,